Муқаддима. Асосҳои «Иқтисодиёти сохтмон»

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 25 Ноября 2012 в 20:30, курс лекций

Краткое описание

Сохтмон - кисм мустакили алохидаи иктисодиёти мамлакат буда барои сохтани бинохои нав, таҷдид (реконструксия), васекуни, таъмир ва тачхизонидани бинохои вучуддоштаи истехсоли ва гайриистехсолиро дар бар мегирад. Хусусиятхои асосии фарккунандаи сохтмон:
1. Гайристатсионари, характери доими надоштан ва намудхои хархела доштани истехсолоти сохтмон.
2. Алокамандии технологии хамаи амалиётхои протсесси сохтмон.
3. Аз чихати мураккаби хархела будани корхои сохтмониву васлкуни.
4. Иштироки ташкилотхои гуногун дар истехсолоти сохтмони.( дар соноат бошад махсулоти тайёрро як корхона истехсол намуда онро худаш мефурущад).

Содержимое работы - 1 файл

лексия 1.doc

— 95.50 Кб (Скачать файл)

Лексияи 1.

 

Муқаддима. Асосҳои «Иқтисодиёти сохтмон»

Нақша:

1.Сохтмон ҳамчун  соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва  хусуситҳои он.

2.Иқтисодиёти  сохтмон ҳамчун фанни таълимӣ.  Мафҳумҳои асосӣ. 

3.Шаклҳои ташкили  сохтмон.

4.Баҳодиҳӣ ба  хароҷотҳо барои муҳофизати муҳити атроф.

 

1.Сохтмон ҳамчун соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва хусуситҳои он.

Сохтмон - кисм мустакили алохидаи иктисодиёти мамлакат  буда барои сохтани бинохои нав, таҷдид (реконструксия), васекуни, таъмир ва тачхизонидани бинохои вучуддоштаи истехсоли ва гайриистехсолиро дар бар мегирад. Хусусиятхои асосии фарккунандаи сохтмон:

1. Гайристатсионари, характери доими надоштан ва  намудхои  хархела доштани истехсолоти  сохтмон.

2. Алокамандии  технологии хамаи амалиётхои  протсесси сохтмон.

3. Аз чихати  мураккаби хархела будани корхои сохтмониву васлкуни.

4. Иштироки ташкилотхои  гуногун дар истехсолоти сохтмони.( дар соноат бошад махсулоти  тайёрро як корхона истехсол  намуда онро худаш мефурущад).   

       Аз дигар дараф сохтмон бо дигар сохахои  иктисодиёт (асосан бо саноат) зич алокаманд мебошад. Саноат сохтмонро бо мошинхо, масолеххо, конструксияхо, энергияи барк ва дигархо таъмин менамояд.  Масъалан барои хосил намудани махсулоти нихоии сохтмон кариб 70 сохахои  хочагии халк  махсулот мефиристанд.

5. Таъсири обу хаво ва шароити махал ба протсесси сохтмон ( ду бинои якхела дар ду минтакаи мамлакат бо харочотхои хархела сохта мешавад).

 

      Тараққи додани сохтмон ва баланд бардоштани  самаранокии он дар асоси:

- саноатигардони, яъне гузаронидани як кисми  протсесси технологи аз майдони сохтмон ба заводхо  бо максади кам намудани корхои васлкуни;

- бехтаркунии  корхои лоихави

- типизатсия  ва унификатсия

-механизатсиякунонии  протсессхо

-таъмини бефосилагии  протсесс

- васеъ истифодабарии  дастовардхои  илму техника   ва дигархо ба даст оварда мешавад.

 

Дар протсесси сохтмон 3 мархила фарк карда мешавад:

      1.тайёркунии сохтмон (таткикоти техники – иктисодии бинои сохташаванда, балоихагири ва тайёрии инженер- техники).

2. Равиши сохтмон

3. Супоридани  иншиоти тайёр ба истифода

 

      Ба  ин 3 мархилахои протсесси сохтмон 3 даври гардиши маблаггузори  мувофикат мекунад:

 

1. Даври гардиши  истехсолот хамчун хосил намудани  фонди асоси.

2. Бафурушбарории (реализатсия) хамчун таъгир додани  махсулоти сохтмон ба фонди  асоси. 

3.Тайёри ба сикли навбатии бо максади табдил додани фонди пули  ба махсулот.

 

2. Иқтисодиёти сохтмон ҳамчун фанни таълимӣ. Мафҳумҳои асосӣ.

Хар як сохаи  хочагии халк хусусиятхои хоси иқтисодии худро дорад.

Фанни иктисодиёти сохтмон бо як катор фанхои иктисоди ва мухандиси алокаманд мебошад, ки инхо:

  1. фанхои умумииктисоди (назарияи иктисодиёт, микро ва макроиктисодиёт, асосхои менечмент ва дигархо);
  2. фанхои тахассусии сохтмони (технологияи истехсолоти сохтмон, ташкили истехсолоти сохтмон, констуксияхои сохтмони, масолеххои сохтмон, мошинхои сохтмон, архитектура ва дигархо);
  3. фанхои  махсуси иктисоди (Тахлили фаъолияти истехсоли-хочагидори, идоракуни дар сохтмон, молия ва карз, хисоби бухгалтерии ва дигархо);

 

      Хангоми омухтани  И.С масалахои фонди асосии истехсоли, воситахои гардишии ташкилотхои сохтмон, системаи таъминоти модди техники ва дигархо бо баназардошти конуниятхои иктисодиёти бозоргони дида баромада мешавад.

 Масъалахои  асоси хангоми омухтани фан  инхо мебошанд:

  • омухтани мафхумхои асоси
  • омухтани хусусиятхои хоси соха ва таъсири онхо ба фаъолияти ташкилотхои сохтмони ва самаранок истифодабарии манбахо;
  • шиносшави бо конунхо ва меъёрхои асосии фаъолияти комплекси сохтмони

*Омухтани фаъолияти инвеститсиони ва методикаи пурмахсул                   истифодабарии маблаггузорихо

 

• Хосил намудани малакаи кор бо хучатхои меъёри

• аз чихати иктисоди асосноккунии лоихахо

И.с- ин мачмуи муносибатхои истехсоли  дар сохтмон мебошад, ки протсесси ташкилёбии стуктураи  бозоргони, банакшагири ва идоракуни  дар сохтмонро дар бар мегирад.

 

И.с роххои зиёд намудани фоида, рентабелноки, тез намудани мухлати баистифодадихии иншиотхои  сохтмони ва дсатовардхои нишондихандахои  иктисоди-техникии лоихахоро тадкик мекунад. Методикаи тартиб додани бизнес-накшаро меомузад.

 Гурухи дигари масъалахое, ки дар И.с дида баромада мешавад ин манъбахои сохтмои калитали ва самарабахш истифодабарии онхо, аз чумла  масъалаи таракиёбии фондхои асосии истехсоли, азнавистехсолкуни онхо, таёркуни ва истифодабарии кадрхои нав, мукаммалкунии системаи музди мехнат ва хавасмандгардони, методхои иктисодии хочагидори ва дигархо мебошад.

Кисми амалии И.с, ки аз иктисодиёти дигар сохахо фарк мекунад инхо мебошанд:

- бехаракат  будани махсулоти истехсолшаванда (дар дигар сохахо махсулот харакатнок мебошад)

- вобаста будани  пртсесс аз шароити мухити  атроф (дар дигар сохахо, масалан сохаи мошинсози протсесси технологи дар шароитхои махсуси идорашаванда  ичро карда мешавад.

- дароз будани  сикли сохтмон барои хосил намудани махсулоти тайёр

-харакатнок  будани ташкилотхои сохтмони ва гайра.

Мушкилоти омузиши  чихатхои иктисодии сохтмони калитали:

-хархела будани  шаклхои ташкили ва хочагии  протсесси сохтмон;

- зиёд будани  аъзоён, ки функсия ва максадхои  гуногун доранд,(инвестор,фармоишгар,лоихакаш, ташкилотхои сохтмони.. якчанд заводу комбинатхо. Корхонахои наклиёти…)

-вобастагии  протсесси сохтмон аз шароитхои  табии.

Мохияти иктисодии  пртсесси сохтмонро харочотхои ба ичрошавии  пртсесси сохтмон сарфшаванда  муайян мекунад, ки ду хел мешавад: а) яквакта, б) чори.

Ба харочотхои яквакта харочотхои ба хосил намудани фондхои асосии ташкилоти сохтмон сарфшаванда, арзиши захирахои масолеххо ва бинохои нотайёр дохил мешавад.

Ба харочотхои чори-музди мехнат, масолеххо, ва дигархо  дохил мешавад . Суммаи  умумии харочотхои чори арзиши аслии  корхои сохтмониро муайян мекунад.

Мафхумхои асосии иктисодиёти сохтмон:

-инвеститсия  дар маблаги асоси- харочотхое  пули, модди ва интелектуали,ки ба хосил намудани фонди асоси сарф мешавад,

-  инвестор- субекте,ки фаолияти инвеститсиони  мебарад ва маблагхои худро ба объекти сохтмони мегузорад.

-фармоишгар- шахси  юридики ё физики, ки функсияи  ташкил ва идоракунии лоихои пулии объекти сохтмонро дорад.

-застройщик ( биносоз ) - аз фармоишгар бо он фарк мекунад, ки ба китъаи замини худуди сохтмон хак дорад.

-Ген.подрядчик  - фирмае, ки дар асоси контракт сохтмони биноро амали мегардонад.

- Маблаггузори (капиталовложение)- ин харочотхо ба сохтмон , реконструксия, ва дигар корхои сохтмони.

 

3.Шаклҳои асосии  ташкили  протсесси  сохтмон.

 

Шаклҳои асосии  ташкили  протсесси  сохтмон инҳо мебошанд:

 

- тарзи пудрати  (подрядний способ) - ташкилотхои махсуси сохтмони, ки дар асоси шартнома бо фармоишгар кор мекунад

- тарзи хочагидори (хозяйственний способ) - бо кувваи худи фармоишгар сохта мешавад.

- сохтмони ба итмомрасонидашуда «под ключ»- функсияи фармоишгар  ба ичрокунанда дода мешавад.

 

Баходихи  ба  самаранокии иктисодии харочотхо  ба мухофизати мухити атроф.

Чорабинихо  барои мухофизати мухити атроф ба ду равиш таксим мешавад:

- Таъмин намудани  камшавии таъсири манфии сохтмон ба мухити табиат.

- Самаранок истифодабарии  замин

Хангоми балоихагирии объектхои сохтмони капитали талаботхои стандартхо (ГОСТ ваСНИП (СНиП III-42-80 с целью уменьшения отрицательного воздействия строительства на окружающую среду,),( СНиП 3.07.03-85* 11. Охрана окружающей природной среды.) ба назар гирифта мешавад, ки дар онхо низ сохахои мухофизати табиат махсус нишон дода мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Лексияи 2.

 Мафҳуми фаъолияти идоракунӣ. Мақсад ва вазифаҳои менеҷмент

  1. Моҳияти фаъолияти идоравӣ
  2. Мафҳуми менеҷмент
  3. Вазифа ва мақсадҳои менеҷмент

 

1.Моҳияти фаъолияти идоравӣ

Аз тарафи бисёри олимон ба сифати поягузорони менеҷменти муосир чор англисҳо пазируфта шудаанд, ки онҳо-соҳибкорон Ҷ. Уотт, М.Бултон, пайрави сотсиализми хаёлӣ Р.Оуэн ва профессор Ч.Беббеҷ буда дар аввали асри ХIХ фаъолият бурдаанд. Ба ақидаи муаллифони энсиклопедияи  менеҷменти касбии амрикоӣ нуқтаи ибтидоии рушди менеҷменти муосирр ин соли 1886 мебошад, ки дар он сол соҳибкор Г. Таун дар ҷамъомади ҷамъияти муҳандисон-механикон бо маърӯзаи «Муҳандис ҳамчун иқтисодчӣ» баромад намудааст.  Ин маърӯза, ки аввалин бор ҳамчун муаммои зарурии менеҷментро ҳамчун ихтисоси касбӣ ва фанни илмӣ во гузошта шуда буд, ба Фредерик Тейлор таассуроти баланд бахшида ӯро ба навиштани назарияи «менеҷменти илмӣ» ҳавасманд намуд.

Дар солҳои 1880 муҳандис-худомӯзи амрикоӣ омӯзиши системавии равандҳои  меҳнатиро оғоз намуд. Баъди менеҷери корхонаи «Миндвейл Стил Воркс»-и  Филаделфия  шудан вай аз  бесарусомони дар таҷрибаи саноатӣ буда ба ҳайрат афтод. Байни менеҷерон ва коргарон ягон хел ҳамкорӣ набуд. Ғайрисамаранокӣ ва барбоддиҳӣ фаъолона афзоиш меёфтанд. Коркарди маҳсулот бисёр ҳам кам буда, аз сабаби кӯҳна будани таҷҳизотҳо ва корнодонии коргарон ба амал омада буд. Ҳангоми фаъолияти худ дар Миндвейл Стил Воркс Тейлор ба  ҷори намоии мубориза бо хароҷотҳои меҳнатии исорфкорона ва вақтгузаронии ғайрисамаранок, ченкунии сарфи вақтро барои корҳо (хронометраж)  оғоз намуд, ки дар натиҷа ба системаи «менеҷменти илмӣ»-и вай дохил шуданд. Зеро ба ақида вай « идоракунии илмӣ-ин яке аз воситаҳои сарфакорона истифодабарии меҳнат мебошад». Соли 1895 Тейлор мақолаи аввалини менеҷментии худро нашр намуд. Соли 1903  китоби «Менеҷменти сехӣ» ва соли 1911 « Принсип ва методҳои менеҷменти илмӣ»- Тейлор ба нашр баромаданд. Баъди баромад дар назди комитети синфии намояндагон оид ба  омӯзиши системаи сехии менеҷмент, Тейлор шӯҳрати баландро соҳиб шуд. Дар «Мидвейл» ва баъдан дар «Бетхем Стил»  Тейлор менеҷментро дар чаҳор параметр тақиқот намуд: ба меъёрдарорӣ, омили вақту вазифа, ҷудокунии систематикӣ ва омӯзиш, омилҳои пулӣ.

Пеш аз Тейлор ба сифати менеҷмент тамоман чизҳо  гуногун фаҳмида мешуданд, то ҳатто  технологияи тайёрнамоии маҳсулот. Ӯ аввалин шуда ба ин мафҳум ҳамчун «ташкилкунии истеҳсолот» ё  ин ки «умуан ташкили оқилонаро» маънидод намуд.

Тейлор асосгузори менеҷменти муосир мебошад. Аммо агар  Тейлор намебуд, асосгузори ин илм  Файол, Эмерсон, Форд ё каси дигар  мегардид. Гап сари он аст, ки ҳангоми  пайдошавии «мактаби илмии идоракунӣ», ки ба он таърихчиён чор мутафаккирон: Тейлор, Файол, Эмерсон, Фордро дохил мекунанд, ақидаи ташкилкунии илмӣ муаллақ буд. Прогрессияи техникӣ ва исеҳсоли мошинӣ стандартикунонӣ ва якхелакунии  тамоми раванди истеҳсолие, ки то ҳол аз рӯи методҳои қадимтарин истифода мешуданд, талаб мекарданд. Афзоишёбии самаранокии исеҳсолот бе ҳаматарафа оқилона истифодабарии вақт ва захираҳо ғайриимкон буд. Алоқа бо ин, классикони менеҷмент барои навиштани ин назария дар натиҷаи таҷрибаи шахсӣ  водор шуданд, ки онҳо аввал ҳамчун муҳандис ва менеҷер онро ба таври таҷрибавӣ дида, баъдан  ба таври назариявӣ нависанд.

Баъди муддати  каме дар Фаронса Анри Файол, ки идоракунандаи  шахтаи ангишт буд, аввалин шуда калиди оқилона ташкил намудани корхонаи саноатиро  сохт, ки он муносибати функсионалӣ мебошад. Соли 1916 дар сини 75-солагӣ вай китоби худ, ки ҳоло классикӣ ба ҳисоб меравад, бо номи « Маъмурияти умумӣ ва саноатӣ» ба нашр баровард.  Файол  фикр мекард, ки кори менеҷер аз чор функсияҳои асосӣ иборат аст: банақшагирӣ, ташкилкунӣ, ҷобаҷогузорӣ ва назорат , аммо  дар он ӯ маънии муваффақияти идоравиро медид.

Корҳои Файол,Эмерсон, Тейлор ва Форд якдигарро бомуваффақият  пурра мекарданд. Тейлор асосан ба идоракунии сехӣ, Эмерсон ва Форд ба тамоми раванди  истеҳсолӣ ва Файол ба масъалаҳои маъмуриятӣ (то ҳол ҳам аз схемаҳои ташкилии файолӣ беҳтартар набаромадаанд) аҳамияти калон додаанд. Дар ягон самт фаъолият бурда, ҳар як классикони менеҷмент ба мо назарияҳои гуногунро пешкаш намудаанд.

2. Мафҳуми  менеҷмент

Ҳангоми истифодабарии мафҳуми менеҷмент мо бо мафҳуме, ки дар адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун идоракунии анъанавии маънидодкунии зиёд дошта рӯбарӯ мешавем. Дар  « Луғати поягии забони ангисии «Оксфорд» менеҷмент чунин маънидод карда мешавад:

    1. Тарз ва рафтори муносибат бо одамон
    2. Санъати идоракунӣ
    3. Шакли хосаи тавоноӣ ва қобилияти идоракунӣ
    4. Органи идоракунӣ, воҳиди маъмурӣ

Дар «Луғати  забонҳои хориҷӣ» менеҷмент ба забони тоҷикӣ ҳамчун чӣ тавр идора кардани истеҳсолот ва умуман присипҳо, тарзҳо, метод ва шаклҳои идоракунии истеҳсолот бо мақсади баланд намудани самаранокиӣ ва фоиданокии он тарҷума мешавад.

Информация о работе Муқаддима. Асосҳои «Иқтисодиёти сохтмон»